Бозгашти Эрнесто Валверде ба футбол

Бозгашти Эрнесто Валверде ба футбол

Собиқ сармураббии дастаи “Барселона” - Эрнесто Валверде шояд Алберт Селадесро дар “Валенсия” иваз намояд. Хабар дода мешавад, ки роҳбарияти “Валенсия” аллакай бо мутахассиси испанӣ гуфтушунид намудаанд ва эҳтимол аст, ки Валверде рӯзҳои наздик ба таври расмӣ сармураббигии дастаро ба уҳда гирад.

Ёдовар мешавем, ки Эрнесто Валверде қаблан дар дастаҳои “Валенсия”, “Эспанйол”, “Атлетик Б” ва “Барселона” ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намудааст.