Бозгашти Халк ба Аврупо

Бозгашти Халк ба Аврупо

Форварди бошгоҳи «Шанхай СИПГ» Халк имкон дорад, ки дубора ба Премйер – лигаи Россия баргардад. Ба маълумоти сомонаи A Bola дастаҳои “Зенит” ва “Порту” барои бастани шартнома ба Халк талош намуда истодаанд. Қайд карда мешавад, ки “кабудҳо” аллакай ба ҳамлагари 34-сола 3 млн евро дар як сол пешниҳоди расмӣ кардаанд. Ёдовар мешавем, ки Халк аз соли 2012 то соли 2016 дар дастаи “Зенит” ҳунарнамоӣ кардааст.