Бозгашти Мбаппе ба майдон

Бозгашти Мбаппе ба майдон

Ҳамлавари ҷавони бошгоҳи “ПСЖ” ва мунтахаби Фаронса Килян Мбаппе ба тамринҳои алоҳидагӣ шуруъ намудааст, хабар медиҳад маҷаллаи Le Parisien. Футболбози 20 солаи фаронсавӣ ҳоло пурра аз ҷароҳат озод нашудааст ва ҳамин тавр дар бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили “Реал” ба майдон намебарояд. Ёдовар мешавем, ки Мбаппе дар бозии даври 3-юми Чемпионати Фаронса бар муқобили «Тулуз» (4:0) осеб бардошта буд.