Бозгашти Пеллегрини ба Ла Лига

Бозгашти Пеллегрини ба Ла Лига

Бошгоҳи футболи “Бетис”-и Испания дар сомонаи расмиаш аз таъйин намудани Мануэля Пеллегрини ба ҳайси сармураббӣ хабар дод. Коршиноси 66 солаи чилигӣ бо даста то 30-юми июни соли 2023 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Моҳи июн пас аз нобаробариҳои зиёд роҳбарияти дастаи шаҳри Севиля сармураббӣ - Хоан Франсеск Феррерро аз мақомаш барканор кард. Акнун то охири мавсим дастаро Алексис Трухилйо тамрин медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Мануэля Пеллегрини қаблан дар дастаҳои “Вилярреал”, “Реал Мадрид”, “Манчестер Сити” ва дигар дастаҳо ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намудааст.