Бозиҳои ҷавобии даври 1/8 ниҳоии ЛЧ дар куҷо доир мешаванд?
Кумитаи иҷроияи УЕФА қарор баровардааст, ки чор бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар хонаи мизбонҳо гузаронида шавад. Ёдовар мешавем, ки бинобар сабаби бемории оламгири коронавирус чор бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии ЛЧ ба мавқуф гузошта шуданд.
«Барселона» — «Наполи» (бозии аввал — 1:1)
«Бавария» — «Челси» (3:0)
«Ювентус» — «Лион» (0:1)
«Манчестер Сити» — «Реал» (2:1).
Роҳхати даври ¼ ниҳоиро дастаҳое зерин аллакай ба даст овардаанд: «Атлетико» (Испания), «Аталанта» (Италия), «ПСЖ» (Фаронса) ва «РБ Лейпсиг» (Олмон).
Бозиҳои даври ¼ ниҳоӣ дар кишвари Португалия доир мешаванд. Вохӯриҳои даври ¼ ниҳоӣ ва ½ ниҳоӣ аз як бозии иборат мебошанд.
Тақвими бозиҳои Лигаи Чемпионҳо
7–8 август: 1/8 ниҳоӣ
12–15 август: 1/4 ниҳоӣ
18–19 август: ½ ниҳоӣ
23 август: финал