Бозиҳои бе бохти "Ливерпул" дар Энфилд поён ёфт

Бозиҳои бе бохти "Ливерпул" дар Энфилд поён ёфт

Дар бозии мавқуфмондаи даври 18-уми чемпионати Англия "Ливерпул" дар майдони худ "Бёрнли"-ро қабул кард. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Ягона гол аз ҷаримаи 11-метра дар дақиқаи 83-юм аз сӯйи Эшли Барнс зада шуд. Ҳамин тариқ 68-бозии бидуни бохти "Ливерпул" дар "Энфилд" ба поён расида, то ин дам шогирдони Клопп 3 солу 273-рӯз буд, ки дар майдони худ шикаст намехӯрданд. Акнун бадтарин натиҷа аз рӯйи 5 бозии пайиҳами бе ғалаба дар 4 соли ахир ба қайд гирфита шуд. То поёни моҳи январ шогирдони Юрген Клоппро боз ду бозии мушкил бо "МЮ" (24 январ Ҷоми Англия) ва "Тоттенҳэм" (28 январ ПЛА) интизор аст. Ҳоло дастаи мазкур бо 34-хол дар зинаи 4-уми ҷадвал аст. "Бёрнли" бошад баъди ин пирӯзӣ ба ҷойи 16-ум баромад.

Чемпионати Англия. ПЛА. Даври 18-ум

"Ливерпул" – "Бернли" – 0:1 (0:0)

Гол: 0:1 – Барнс (аз пеналти), 83.