Бoзиҳои дӯстонаи тимҳои футзали Тоҷикистон ва Русия ба рӯзҳои 19 ва 20 октябр гузаронида шуданд

Бoзиҳои дӯстонаи тимҳои футзали Тоҷикистон ва Русия ба рӯзҳои 19 ва 20 октябр гузаронида шуданд

Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони футзал! Санаи баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русия тағйир ёфт.

Қаблан вохӯриҳо рӯзҳои 18 ва 20 октябр ба нақша гирифта шуда буданд. Акнун рӯзҳои 19 ва 20 октябр баргузор мешаванд.

Вохӯриҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе доир гардида, оғоз соати 19:00 муқаррар шудааст.

Ҳамаи дӯстдорони футзалро даъват менамоем, ки барои дастгирии дастаи миллии Тоҷикистон ба маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» биёянд! Мухлисонро нерӯсанҷиҳои ҷолибу диданӣ интизоранд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар сатҳи мунтахабҳои миллӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Русия ду маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Ҳар ду бозӣ соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор шудаанд. Дар рақобати аввал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуда, дар дидори дуюм бошад, мунтахаби Русия бо ҳисоби 6:2 ғолиб омадааст.