Бозиҳои даври 6-уми "Лигаи ҷаҳонии шоҳмот" анҷом ёфт
Дар шаҳри Дубай сабқати олии Global Chess League идома дорад. Баъди шаш давр 12 хол аз бозӣ ва 59 холи инфиродиро дастаи Ganges Grandmasters, ки дар сафи он Вишванатан Ананд, Ленйер Домингес, Рихард Раппорт, Хоу Ифан, Бела Хотенашвили ва Андрей Есипенко баромад мекунанд, ба даст овардаанд.
Намояндагони тими Alpine Warriors (Магнус Карлсен, Арҷун Эригайси, Доммараҷу Гукеш, Элизабет Петс, Ирина Круш ва Рамешбабу Прагнанандха) ҳамчунин дар ҳисоби хеш 12 хол доранд, аммо аз рӯи холҳои инфиродӣ қафо мемонанд - 51 хол.
Дар мақоми баъдӣ коллектив аз upGrad Mumba Masters қарор дорад: Максим Вашйе-Лаграв, Александр Гришук, Сантош Видит, Хампи Конеру, Дронавалли Харика ва Ҷавоҳир Синдаров 10 хол ба даст оварданд.
7 хол бошад насиби тими Chingari Gulf Titans (Ян-Кшиштоф Дуда, Даниил Дубов, Шаҳриёр Мамадёров, Александра Костенюк, Полина Шувалова ва Нихал Сарин) шудааст.
Дастаи Balan Alaskan Knights, ки дар сафи он Ян Непомняший, Нодирбек Абдусатторов, Теймур Раҷабов, Тан Чжунйи, Нино Басиашвили ва Раунак Садхвани баромад мекунанд, 6 хол аз бозӣ ва 48 холи инфиродӣ доранд.
Ҳамин қадар холҳоро коллективи Triveni Continental Kings (Левон Аронян, Вэй И, Юй Янйи, Нана Дзагнидзе, Екатерина Лагно ва Йонас Буль Бйерре) ба каф кардааанд, вале холҳои инфиродии камтар доранд - 38 хол.
Ҷадвали баргузорӣ: 22 июн - 1 июл - бозиҳои интихобӣ, 2 июл - финал.