Бозиҳои имрӯза дар ТВ «Варзиш»

Бозиҳои имрӯза дар ТВ «Варзиш»

Имрӯз, 8-уми апрел дар доираи бозиҳои даври 1-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ду вохӯрӣ доир мешавад. Дар ин давр КМВА бо “Хуҷанд” ва “Душанбе-83” бо “Истиқлол” неру месанҷанд. Ногуфта намонад, ки айни ҳол дар сайёра танҳо Чемпионати се кишвар Тоҷикистон, Беларус ва Никарагуа фаъолият мекунанд, ки таваҷҷуҳи тамоми мардум ба ин чемпионатҳо равона карда шудааст. Мухлисон имкон доранд, ки бозиҳои мазкурро тавассути ТВ “Варзиш” мустақиман тамошо намоянд.

Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

8 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

КМВА – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ

Пахши мустақим: ТВ “Варзиш”

Оғози бозӣ соати 18:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Пахши мустақим: ТВ “Варзиш”