Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё 2023 миёни мунтахабҳои то 17 сола дар Душанбе доир мегарданд

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё 2023 миёни мунтахабҳои то 17 сола дар Душанбе доир мегарданд

Аз 5-ум то 9-уми октябр Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои  ҷавонони то 17-сола дар гурӯҳи «Н» мегардад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо ҳамтоёни хеш аз Афғонистон ва Муғулистон барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 талош меварзанд.

Дар оғози марҳилаи интихобӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо тими миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ  рӯзи 5-уми  октябр баргузор мешавад. Дар даври ниҳоӣ рӯзи 9-уми  октябр ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Афғонистон вомехӯранд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои даври интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 17-сола

Гурӯҳи  «H»

Иштирокчиён: Тоҷикистон, Афғонистон, Муғулистон.

Даври 1

5 октябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ:  19:00

Муғулистон – Тоҷикистон

Даври 2

7 октябр  (ҷумъа)

Оғози бозӣ:  19:00

Афғонистон  – Муғулистон

Даври 3

9 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ:  19:00

Тоҷикистон - Афғонистон

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи рақобатҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд.