Бозиҳои Лигаи Чемпионҳо кай баргузор мешаванд?

Бозиҳои Лигаи Чемпионҳо кай баргузор мешаванд?

Иттиҳодияи Ассотсиатсияи футболи Аврупо (УЕФА) қарор баровард, ки баргузории бозиҳои Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шаванд.

Қаблан баргузории бозиҳои ЛЧ ва ЛА бар асари хуруҷи вируси тоҷдор ба таъхир афтода буданд. Инчунин УЕФА ҳамаи бозиҳои мунтахабҳоро то моҳи июн ба таъхир гузошт.

Мусобиқаҳое, ки лағв гардиданд:

— Марҳилаи финалии чемпионати Аврупо байни ҷавонони то 17 сола (моҳи май ба нақша гирифта шудааст);

— Марҳилаи финалии чемпионати Аврупо байни духтарони то 19 сола (моҳи июл ба нақша гирифта шудааст);

То гирифтани огоҳии минбаъда ба таъхир афтодаанд:

— Марҳилаи финалии чемпионати Аврупо байни духтарони то 17 сола (моҳи май ба нақша гирифта шудааст);

— Марҳилаи финалии чемпионати Аврупо байни ҷавонони то 19 сола (моҳи июл ба нақша гирифта шудааст);

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар сайёра 883 ҳазор нафар гирифтори бемории корона шудаанд.