Бозиҳои олимпӣ барои Сиёвуш Зуҳуров низ хотима ёфт

Бозиҳои олимпӣ барои Сиёвуш Зуҳуров низ хотима ёфт

Имрӯз, 29-уми июл Тоҷикистонро Сиёвуш Зуҳуров дар риштаи бокс дар вазни +91кг муаррифӣ кард. Ин боксчии тоҷик ҳунарнамоиро аз даври 1/8 финал оғоз кард. Дар ин давр рақиби варзишгари мо намояндаи Фаронса - Мурод Алиев буд. Дидори рақибон ҷолиб сурат гирифта, дар охир бо пирӯзии – Мурод Алиеви фаронсавӣ бо натиҷаи 5:0 хотима ёфт. Ҳамин тавр Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои Сиёвуш Зуҳуров низ хотима ёфт. Қаблан боксчии дигари кишвар Шаббос Негматуллоев низ дар якумин рақобаташ шикаст хурда буд. Акнун дар риштаи бокс умеди ягонаи мардуми тоҷик ба Баҳодур Усмонов аст, ки дар даври аввал пирӯз шуда ва ба даври навбатӣ роҳ ёфат буд.