Бозиҳои олимпии Париж-2024 барои Екатерина Бордачева бидуни натиҷа анҷом ёфт
Дар рӯзи ҳаштуми 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 кишвари маҳбуби мо Тоҷикистонро Екатерина Бордачева дар шиноварӣ ба масофаи кӯтоҳи 50 метр муаррифӣ намуд.
Екатерина Бордачева тариқи квота роҳхати Бозиҳои олимпиро соҳиб шуда буд. Имрӯз дар зергурӯҳи худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 Екатерина Бордачева бо натиҷаи 28.85 сония панҷум шуда, ба хати марра расид. Ин натиҷа барои Екатерина имкон надод то ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбад, чунки дар дигар гурӯҳҳо натиҷаҳои беҳтар ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамин тавр, Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 барои шиноварбонуи мо Екатерина Бордачева анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳоло дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 ду медали биринҷӣ дорад. Нишони якуми биринҷиро дар рӯзи чаҳоруми Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг ва нишони дуюми биринҷиро дар рӯзи ҳафтум Темур Раҳимов зери вазни ҷамъи 100 кг ба даст оварда буд.