Бозиҳои тобистонаи паролимпӣ дар Рио оғоз шуд

Бозиҳои тобистонаи паролимпӣ дар Рио оғоз шуд

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи паролимпӣ дар варзишгоҳи бузурги “Маракана”-и шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия соати 18:15 ба вақти маҳаллӣ ва соати 2-и субҳи имрӯз ба вақти Душанбе баргузор гардид.

Бинандагон имкони тамошои расми ифтитоҳи ин чорабинии муҳими варзиширо, ки хеле ҷолибу ангин сурат гирифт, тариқи шабакаи телевизионии Варзиш доштанд. Ёдовар мешавем, ки расми кушодашавии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ низ дар ҳамин варзишгоҳи муҳташам роҳандозӣ гардида буд.

Сараввал бо сонияшумории баракс ва рақамҳо, ки як манзараи хеле аҷибро мемонд расми кушодашавии Бозиҳои тобистонаи паролимпӣ оғоз гардид. Баъдан оҳанги бразилӣ бо истифода аз асбобҳои мусиқии хоси мардуми ин сарзамин садо дод.

Ороиши саҳна низ хеле зебову фиребо буд ва аз омодагии хубу сатҳи баланди ин чорабинӣ дарак медод. Сипас варзишгарони дорои имконияти маҳдуди кишварҳои иштирокчӣ як-як парчамҳои кишваршон болои сар вориди майдони муҳташами Маракана мегардиданд. Раҳмихудо Додихудоев, варзишгари дорои имконияти маҳдуди тоҷик, ки парчами кишвар дар даст вориди майдони ҷашнӣ гардид, яшона варзишгарест, ки ТОҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи параолимпӣ дар Бразилия муаррифӣ мекунад. Ӯ дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр ширкат меварзад.

Бояд гуфт, ки сабқатҳо дар доираи барномаи Бозиҳои паролимпӣ низ дар майдону варзишгоҳ ва толорҳое, ки сабқатҳои олимпӣ баргузор шуда буданд, дар назар аст. Дар бозиҳои паролимпӣ варзишгарони дорои имконияти маҳдуд аз рӯи 22 намуди варзиш барои ба даст овардани 528 маҷмӯи медалҳо миёни ҳам рақобат мекунанд.

Дар барномаи Бозиҳои паролимпӣ намудҳои варзиши қаиқронии академӣ, баскетбол, волейбол, теннис ва регбии нишаста, бочче, велосипедронӣ, аспсаворӣ, голбол, ҷу-до, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, варзиши бодбонӣ, пауэрлифтинг, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, шамшербозӣ дар аробачаҳо, футбол бо ҳайати 5 ва 7 нафарӣ шомиланд. Илова бар ин, бори нахуст ба барномаи Бозиҳои

паролимпӣ намудҳои варзиши қаиқронии ба истилоҳ байдарка ва каноэ ва триатлонро дохил карданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои паролимпӣ аввалин бор соли 1960 дар Рим баргузор гардида буд, ки дар он 400 нафар варзишгар аз 23 давлати дунё намояндагӣ карданд. Дар бозиҳои паролимпии имсола варзишгарони 170 кишвари узви Кумитаи байналмилалии паролимпӣ ширкат меварзанд.