Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2026 ба анҷом расид. Норвегия аз ҳисоби медалҳо якум шуд
22 –юми феврали соли 2026 дар амфитеатри таърихии Арена ди Верона маросими расмии пӯшидашавии Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2026 доир гардид.
Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2026, ки дар Милан ва Кортина-д’Ампетсо баргузор шуданд, расман анҷом ёфтанд. Маросими бошукӯҳи пӯшидашавӣ, ки таҳти унвони “Зебоӣ дар ҳаракат” баргузор шуд, ҷамъбасти дурахшони XXV Бозиҳои олимпии зимистона гардид.
Ин чорабинӣ дар яке аз рамзитарин мавзеъҳои Италия — амфитеатри румие, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил буда, дар асри I мелодӣ сохта шудааст, баргузор гардид. Маросим ваҳдат ва робитаҳои устувореро, ки тайи беш аз ду ҳафтаи рақобатҳо дар шимоли Италия миёни варзишгарон ва кишварҳо ба вуҷуд омаданд, таҷассум намуд.
Бори аввал дар таърихи Бозиҳои олимпии зимистона ду машъали олимпӣ ҳамзамон дар ду шаҳр — Милан ва Кортина-д’Ампетсо хомӯш карда шуданд. Ин рамзи видоъ шакли нави баргузории Бозиҳоро дар чанд макон инъикос кард.
Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри зимни суханронии худ изҳор дошт:
“Мизбонони меҳмоннавози мо — мардуми Италия, ташаккур барои он ки дилҳои худро боз кардед. Варзишгоҳҳо пур аз тамошобин буданд, кафкӯбиҳо баланд ва фазо пуршӯр буд. Шумо қаҳрамонони худро гиромӣ доштед ва ҳамзамон варзишгарони ҳамаи кишварҳоро дастгирӣ кардед, нишон дода, ки ишқу эҳтиром метавонанд ҳамзистӣ кунанд. Ташаккур, Италия, барои ин Бозиҳои сеҳрангез!”
Маросими пӯшидашавӣ бо бахши протоколӣ оғоз ёфт. Парчами давлатии Италия ба арена ворид гардида, пас аз садо додани суруди миллӣ, дар паҳлӯи парчами олимпӣ барафрохта шуд.
Сипас, арена бо ворид шудани парчамҳои ҳайатҳои кишварҳо, ки аз ҷониби парчамбардорон оварда мешуданд, пур аз рангу ҷило гардид. Баъд аз он варзишгарон мувофиқи анъанаи маросими пӯшидашавӣ, ки аз Бозиҳои соли 1956 ҷорӣ шудааст, якҷо вориди майдон шуданд.
Дар идома маросими ниҳоии супоридани медалҳо баргузор гардид. Дар он ҷо ғолибон ва ҷоизадорони марафони лижаронии мардона ва занонаи Олимпиада-2026 бо медалҳо сарфароз гардонида шуданд.
Маросими расмии супоридани парчами олимпӣ ба кишвари мизбони Бозиҳои навбатӣ ба яке аз лаҳзаҳои пурэҳсоси шом табдил ёфт.
Пас аз поён фаровардани парчами олимпӣ, шаҳрдори Милан Ҷузеппе Сала ва шаҳрдори Кортина-д’Ампетсо Ҷанлука Лорентсо онро ба президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри супориданд. Сипас, Ковентри парчамро ба намояндагони мизбонони оянда — раиси Шӯрои минтақавии Прованс–Алп–Кот-д’Азур Рено Мюзелйе ва раиси Шӯрои минтақавии Оверн–Рона–Алп Фабрис Панкук — ки Алпҳои Фаронса-2030-ро намояндагӣ мекунанд, супорид.
Баъдан навори кӯтоҳи муаррифавӣ намоиш дода шуд, ки тасаввуроти нахустинро дар бораи Бозиҳои зимистонаи навбатӣ пешкаш намуд.
Қисмати маросим бо унвони “Субҳи нав” бо иҷрои бозсозишудаи суруди миллии Фаронса — “Марселеза” ҳамоҳанг гардид. Мавзӯи асосӣ хеле рамзӣ буд. Дар маркази арена нуре тадриҷан афзуда, ба “Офтоб”-и дурахшон табдил ёфт ва сипас аз болои Верона ба самти Алп ҳаракат кард. Ин шуъла аз болои манзараҳои кӯҳсор боло рафта, дар қуллаи Монблан таваққуф намуд, то рӯҳия ва оҳанги Бозиҳоро барои чор соли оянда муайян созад.
Дар идомаи маросим президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри пеш аз ҳама ба варзишгарон муроҷиат кард.
“Шумо ҳар якеатон аҷиб будед. Шуҷоъ, нотарс, саршор аз шавқу ишқ ба варзиш. Шумо дар барфу ях тамоми қувваи худро сарф кардед”, — гуфт ӯ.
Ковентри ду ҳафтаи сипаришударо “ду ҳафтаи фаромӯшнопазир” номида, таъкид кард, ки варзишгарон нишон доданд, “камол, эҳтиром ва дӯстӣ дар ҷаҳоне, ки гоҳо ин арзишҳоро фаромӯш мекунад, чӣ гуна ба назар мерасад”.
Ӯ ҳамчунин ба ихтиёриён арҷ гузошт, ки ҳузурашон фазои ҳамаи майдонҳоро рангоранг гардонд. “Табассумҳоятон, меҳрубониятон ва неруятон — шумо ин Бозиҳоро бо шавқу муҳаббати худ пур кардед. Ташаккур ба ҳамаи ихтиёриён”, — афзуд ӯ.
Дар паҳлӯи ӯ президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соли 2026 Ҷованни Малаго қарор дошт. Ӯ аз “руҳия ва инсондӯстӣ”-е ёд кард, ки ба гуфтааш ин Бозиҳоро муайян карданд.
“Ин як “калейдоскоп”-и ғайриоддии дастовардҳои варзишӣ ва қиссаҳои шахсӣ буд, ки дар он эҳсосоту ҳаяҷон ба ҳам омехтанд”, — гуфт Малаго.
“Фикрҳои ман ба ҷавонони зиёде равона шудаанд, ки дар ин Бозиҳо ширкат варзиданд. Мо ба онҳо нишон додем, ки тавассути варзиш ҷаҳони дигар имконпазир аст. Бовар дорам, ки ин паём садои қавӣ пайдо кард ва боқӣ хоҳад монд”.
Дар поёни шом, Ковентри суханони суннатиро ба забон овард, ки ҳар Олимпиада бо онҳо расман анҷом меёбад:
“Дӯстони азиз, ман Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2026-ро дар Милан ва Кортина-д’Ампетсо пӯшида эълон менамоям”, — гуфт ӯ. “Мувофиқи анъана, ҷавонони тамоми ҷаҳонро даъват менамоям, ки баъди чор сол дар куҳҳои Алпи Фаронса ҷамъ оянд… То дидор дар соли 2030”.
Дастаи Норвегия бори чаҳорум пайиҳам дар ҳисоби медалҳои XXV Бозиҳои олимпии зимистона, ки дар Милан ва Кортина-д’Ампетсо баргузор шуданд, мақоми аввалро ишғол кард. Варзишгарони норвегӣ 18 медали тилло, 12 нуқра ва 11 биринҷӣ (ҳамагӣ 41 медал) ба даст оварданд, ки рекорд аз рӯи шумораи тилло ва шумораи умумии ҷоизаҳо ба ҳисоб меравад.
Дар зинаи дуюм ИМА қарор гирифт (12 тилло, 12 нуқра, 9 биринҷӣ), ҷойи сеюм насиби Нидерландия шуд (10 тилло, 7 нуқра, 3 биринҷӣ). Мизбонони Олимпиада — Италия бо натиҷаи 10 тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ дар ҷойи чорум қарор гирифтанд.
Охирин маҷмӯи медалҳо рӯзи якшанбе, 22-юми феврал, дар финали мусобиқаи хоккей миёни ИМА ва Канада тақсим шуд. Амрикоиҳо дар вақти изофӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд. Голи таърихӣ ва ғалабаоварро Ҷек Хюз ба самар расонид, ки пас аз 46 соли Бозиҳои зимистонаи соли 1980 ба тими ИМА медали тиллои олимпӣ овард.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2026 аз 6 то 22 феврал баргузор шуданд. Қариб 2 900 варзишгар аз беш аз 90 кишвар барои 116 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Маросими пӯшидашавии Олимпиада шоми 22 –юми феврал дар Арена ди Верона баргузор гардид.