Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Ҳарбин ба анҷом расид

Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Ҳарбин ба анҷом расид

Бозиҳои 9-уми зимистонаи осиёӣ, ки аз 7-ум то 14-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Ҳарбини Чин баргузор гардид, имрӯз ба охир расид. Бегоҳии имрӯз маросими пӯшидашавии мусобиқаи мазкур дар  сатҳи баланд доир гардид.

Дар Бозиҳои осиёӣ 1 275 варзишгар аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар 7 майдон 64 мусобиқа аз рӯи 11 намуди варзиш доир гардид. Бори аввал лижаронии кӯҳӣ ба барномаи Бозиҳои осиёӣ ворид шуд ва варзишгарон ширкат варзиданд.

Ба иттилои Шӯрои олимпии Осиё, ин рекорд дар Бозиҳои зимистона буд. Арабистони Саудӣ ва Камбоҷа бори аввал дар намудҳои зимистонаи варзиш ширкат намуданд.

Варзишгарон аз рӯи намудҳои биатлон (11-13 феврал), лижаронии кӯҳӣ (8-9 феврал), кёрлинг (4-14 феврал), конкибозӣ (8-11 феврал), лижаронии кросс (8-12 феврал), лижаронии озод (8-13 феврал), лижаронии кӯҳӣ (9-12 феврал), сноуборд (8-13 феврал), яхмолакбозӣ (11-13 феврал), хоккей (3-14 феврал) ва шорт-трек (7-9 феврал) баромад карданд.

Миёни ширкаткунандагони Бозиҳои зимистонаи осиёии соли 2025 чаҳор қаҳрамони Олимпиадаи соли 2022 аз Чин ширкат варзиданд. Инҳо Сю Мэнтао ва Тси Гуанпу (лижаронии озод, лижаронии пиёдагард), Гао Тингю (конкибозӣ, 500 метр), Фан Кексин (шорт-трек, эстафетаи омехта) буданд. Қаҳрамони олимпии соли 2022 оид ба шорт-трек ба масофаи 500 метр Шаоанг Лю аз Маҷористон бо ҳамроҳи бародараш Шаолин Сандор Лю дар мусобиқа иштирок намуд.

Дар бозиҳо варзишгарони тоҷик Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ зери роҳнамоии мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев ширкат варзида, ноком гардиданд.

 Аз миёни 58 иштирокчӣ дар лижаронии кӯҳӣ варзишгарони тоҷик дар кӯшиши якум 36, 39, 40 ва 43-юм ва дар кӯшиши дуюм 32, 34, 35 ва 37-ум шуда ба марра расиданд. Саидашраф Эшонов дар кӯшиши якум бо нишондоди 1:00.96 сония 36-ум шуд ва дар кӯшиши дуюм бо нишондоди 1:01.95 соняи 32-юм шуда ба ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Маъруфҷони Миралӣ дар кӯшиши якум бо нишондоди 1:01.79 сония 39-ум шуд ва дар кӯшиши дуюм бо нишондоди 1:03.23 соняи 34-ум шуда ба марра омад.

 Маҳмадраҷаб Холиқов дар кӯшиши якум бо нишондоди 1:03.55 сония 40-ум шуд ва дар кӯшиши дуюм бо нишондоди 1:05.65 сония 35-ум шуд. Икромиддин Абдуллозода дар кӯшиши якум бо нишондоди 1:09.55 сония 43-юм шуд ва дар кӯшиши дуюм бо нишондоди 1:08.35 сония 37-ум шуда, ба нуқтаи ниҳоӣ расид.

Медали тилло насиби варзишгари 23 солаи ҷопонӣ Такаюки Кояма бо нишондоди 43.29 сония гардид. Медали нуқраро намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҷунг Донгён бо нишондоди 44,08 сония соҳиб шуд. Медали биринҷиро Парк Юн аз Кореяи Ҷанубӣ бо нишондоди 44.33 сония соҳиб шуд. Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик бидуни медал 9-умин Бозиҳои зимистонаи Осиёиро дар Ҳарбин ба анҷом расониданд.

Ӯзбекистон кишвари ба мо ҳамсоя ба гирифтани як медали тилло дар мусобиқаи мазкур даст ёфт. Медали тиллои мазкур пас аз 29 сол барои Ӯзбекистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ ба даст омад. Ҷуфти варзишгарон Гейниш Екатерина ва Чигирев Дмитрий дар конкибозии озоди рӯи ях соҳиби нишони тилло шуданд.

Филиппин дар финали кёрлинг бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 5:3 ғалаба карда, медали тилло гирифт. Ин пирӯзии таърихӣ ва аввалин медали тиллои онҳо дар Бозиҳои зимистонаи Осиё мебошад. Дастаи Филиппин дар даври нимниҳоӣ бар тими Чин бо ҳисоби 7:6 пирӯзии шадид ба даст овард. Ин нишондод ҳамчун аввалин медали Филиппин дар таърихи 39-солаи бозиҳо мебошад.

Аввалин рекорд дар Бозиҳои зимистонаи Осиёиро парчамбардори чинӣ Нин Чжунян дар конкибозӣ ба масофаи 1500 метр бо натиҷаи 1:45,85 гузошт ва соҳиби медали тилло шуд.   

Чхве Мин Ҷон аввалин варзишгаре шуд, ки дар Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Ҳарбин соҳиби 3 медали тилло шуда, парчами Кореяи Ҷанубиро боло бардошт. Ғалабаи охирини ӯ дар мусобиқаи конкибозӣ ба масофаи 1000 метри шорт-трек байни занон бо рекорди 1 дақиқаю 29,637 сония буд. Ин пойгаи ӯ ҳамчун рекорд дар таърих сабт шуд!

Ҳамин тавр, аз ҳисоби медалҳо кишвари мизбон Чин бо 85 медал (32 тилло, 27 нуқра, 26 биринҷӣ) дар феҳрист зинаи аввалро ишғол кард. Кореяи Ҷанубӣ бо 45 медал (16 тилло, 15 нуқра, 14 биринҷӣ) дуюм шуд. Ҷопон бо 37 медал (10 тилло, 12 нуқра, 15 биринҷӣ) сеюм, Қазоқистон бо 20 медал (4 тилло, 9 нуқра, 7 биринҷӣ) чаҳорум ва Филиппин бо 1 медали тилло бо Ӯзбекистон, ки 1 медали тилло доранд, панҷум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд. Мусобиқаи 8-уми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор шудааст.

ТВ "Варзиш"