Бозигари ҷавон ва боистеъдод тарки “Барса” мекунад!
Яке аз бозигарони боистеъдод ва калидии дастаи “Барселона” – Ансу Фатии ҷавон ба хулосае омадааст, ки бошгоҳи каталониро тарк кунад. Дар ин бора нашрияи AS дар саҳифаҳои худ хабар додааст.
Ансу Фати дар мавриди иваз намудани дастааш пеш аз анҷоми равзанаи гузариши футболбозон ҷиддӣ фикр карда истодааст ва ин тасмимаш хело ҷиддӣ мебошад.
Чанд ҳафта пеш Фатии 20 сола ба сармураббии тими “Барселона” - Хави гуфта буд, ки аз сабаби набудани бозиҳои мунтазам, мехоҳад ба дастаи дигар ҳамроҳ шавад.
Дар бозӣ бо «Хетафе» (0:0) Фати ба аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромад. Ансу дарк мекунад, ки вай дар мавсими нав барои “Барселона” бозигари муҳим нахоҳад буд.
Дар ин вазъият ҳамлагари ҷавон бояд ба агенти худ бигӯяд, ки ба ҷустуҷӯи дастаи нав шурӯъ кунад. Фати 20-сола қариб ҳама вариантҳоро баррасӣ мекунад то аз дастаи каталонӣ равад.
Фати мехоҳад, ки корномаашро берун аз Чемпионати Испания идома диҳад ва онҷо ҳунару маҳораташро санҷад. Аз ин рӯ, гузаштан ба «Атлетико Мадрид» барои Фати имконнопазир аст.
Ёдовар мешавем, ки Ансу Фати дастпарвари «Барселона» буда, таҳти шумораи 10 бозӣ мекунад. Ансу дар ҳайати тими каталонӣ 110 бозӣ карда, 29 гол ва 10 партофти головар анҷом додааст.