Бозигари “Челси” Ҷон Оби Микел аз Академияи “Истиқлол” боздид намуд

Бозигари “Челси” Ҷон Оби Микел аз Академияи “Истиқлол” боздид намуд

Собиқ бозингари тими «Челси»-и Англия ва тими миллии Нигерия- Ҷон Оби Микел, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ба Тоҷикистон ташриф овардааст, аз Академияи КФ «Истиқлол» боздид намуд.

Зимни боздиди худ аз қароргоҳи тими пойтахт, Оби Микел бо шароити машқу тамрини кӯдакон ва майдонҳои футбол шинос шуда, баҳои мусбат дод.

Вохӯрии меҳмони олиқадр бо кӯдакону мураббиён ва бозингарони ҳайати асосии «Истиқлол» бисёр гарму самимӣ ҷараён гирифта, басо хотирмон гузашт.

Дар охир, бо рамзи эҳтиром ба Ҷон Оби Микел пироҳани «Истиқлол» бо шумораи зери 10 тақдим карда шуд.