Бозигари дигари маъруфи «Реал Мадрид» ба Арабистони Саудӣ гузариш анҷом медиҳад

Бозигари дигари маъруфи «Реал Мадрид» ба Арабистони Саудӣ гузариш анҷом медиҳад

Агенти Лука Модрич бар он аст, ки дар сурати омадани пешниҳод мизоҷаш метавонад ба бошгоҳе аз Арабистони Саудӣ пайвандад.

Тобистони қаблӣ нимҳимоягари «Реал» чанд пешниҳод аз ҷониби тимҳои Арабистони Саудӣ дастрас намуд, вале онҳоро рад кард ва бо ҷониби «Мадрид» ба як сол шартномаро тамдид кард.

«Тобистони қаблӣ иштиёқ нисбати Модрич [аз Арабистони Саудӣ] вуҷуд дошт ва бо ӯ мехостанд шартнома имзо намоянд. Бозигар чанд пешниҳод дар даст дошт: яке – аз ҷониби дастаи пойтахт ва ҳамчунин аз ҷониби тими дигарӣ.

Айни ҳол Модрич танҳо дар бораи «Реал» андеша мекунад, вале гузариши ӯ ба лигаи саудиён эҳтимол дорад, дар сурате, ки агар пешниҳод бозигарро қаноатманд созад», – гуфтааст агент Борха Коуче.

Мӯҳлати шартномаи феълии Модрич бо «Реал» то тобистони соли 2024 буда, дар сафи тими шоҳона ӯ аз соли 2012 инҷониб баромад мекунад.