Бозигари нави 18-солаи туркии «Реал» рекорди таърихӣ гузошт

Бозигари нави 18-солаи туркии «Реал» рекорди таърихӣ гузошт

Боз як бозигари маъруфи ҷавон бо «Реал» шартнома имзо кард – ин ҳам бозисози 18-сола аз Арда Гюлер аз «Фенербахче»-и Туркия аст.

Бошгоҳи мадридӣ аллакай аз гузариши бозигари туркӣ эълон намуда, мӯҳлати шартнома бо футболбоз 6 мавсим – то соли 2029 аст. «Реал» ба «Фенербахче» 20 миллион евро аз барои бозигар пардохта, 10 млн-и дигар дар сурати баромади муваффақ чун иловапулиҳо муқаррар шудаанд.

Гюлер новобаста аз он, ки дар бошгоҳ чор соат гузаронид, ба ҳар сурат шомили таърихи «Реал Мадрид» гардид. Маҳз дар ҳамин фурсат сухани пазироӣ барои бозигари ҷавон таҳти унвони “Хуш омадед Арда” дар саҳифаи расмии бошгоҳӣ – 504 ҳазор лайк ҷамъ карда буд.

Нишондоди рекордии пешин ба Карим Бензема тааллуқ дошт ва замоне гузошта шуд, ки бозигари фаронсавӣ ба дарвозаи «Челси» дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» дар плей-оффи ЛҚ-2021/22 гол зада буд.

Бо дарназардошти фаъолии мухлисони туркӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аҷиб нест, ки айнан пазироии Гюлер рекордӣ гардид.