Бозигарони “Барселона” финал бо “Реал”-ро нисбат ба “Атлетико” авлотар мешуморанд...

Бозигарони “Барселона” финал бо “Реал”-ро нисбат ба “Атлетико” авлотар мешуморанд...

Дар дохили клуби “Барселона”, бахусус дар утоқи либосивазкунии даста, бештар мехостанд дар бозии ҳалкунандаи Суперҷоми Испания маҳз бо “Реал Мадрид”, на бо “Атлетико”, рӯ ба рӯ шаванд. Дар ин бора нашрияи Mundo Deportivo хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, бозигарони “Барселона” ният доранд барои шикаст дар даври аввали мавсими ҷории чемпионати Испания (1:2) аз тими шаҳри Мадрид “интиқом” бигиранд. Роҳбарияти “Барселона” низ бо хушбинӣ ба дидор бо “Реал Мадрид” менигаранд, зеро пирӯзии эҳтимолӣ метавонад, мухлисони бошгоҳи каталониро ба таври ҷиддӣ хурсанд гардонад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа “Реал Мадрид” бо ҳисоби 2 бар 1 “Атлетико” ва “Барселона” бо ҳисоби 5 бар 0 “Атлетик”-и Билбаоро шикаст дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки финали мусобиқа рӯзи 11-уми январ миёни дастаҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” баргузор мешавад. ТВ “Варзиш” мустақим финалро манзури бинандагон мегардонад.

“Барселона” қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешавад. Дар финали соли гузашта, каталониҳо бо ҳисоби 5 бар 2 муқобили “Реал Мадрид” пирӯз шуда буданд. “Барселона” 15 маротиба соҳиби Суперҷоми Испания шудааст, ки натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад.