Бозигарони “Реал Мадрид” голҳои бештари ҶҶ-2026-ро ба самар расониданд

Бозигарони “Реал Мадрид” голҳои бештари ҶҶ-2026-ро ба самар расониданд

Футболбозони бошгоҳи “Реал Мадрид” дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз ҳама бештар гол ба самар расонида, дар ин нишондод миёни ҳамаи бошгоҳҳои ҷаҳон мақоми аввалро ишғол карданд.

Дар маҷмӯъ, бозигарони “Реал Мадрид” дар ҷараёни мусобиқа 22 гол задаанд. Аз ин шумора, Килиан Мбаппе бо 10 гол саҳми бештар гузошта, беҳтарин нишонзани бозигарони “Реал Мадрид” дар мундиал гардид. Ҳамчунин, Мбаппе беҳтарин нишонзани Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 шуд.

Дар раддабандии дастаҳо бозигарони “Пари Сен-Жермен” бо 16 гол дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Зинаи сеюмро бошад, бозигарони “Арсенал” бо 13 гол ишғол намуд.

Ҷойи чорумро ҳамзамон чор даста тақсим карданд – “Бавария”, “Сандерленд”, “Кристал Пэлас” ва “Интер Майами”, ки бозигарони ҳар кадомашон 8 гол ба самар расонидаанд.

Ҷолиб он аст, ки ҳамаи 8 голи “Интер Майами” танҳо аз ҷониби Лионел Месси зада шудаанд, ки бо ин нишондиҳанда нақши калидӣ дар омори бошгоҳи амрикоӣ гузошт.

Ёдовар мешавем, ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 мунтахаби Испания дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 1:0 бар Аргентина ғолиб омада, унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.