Бозии Белгия ва Шветсия бар асари ҳамлаи террористӣ боздошта шуд
Мунтахабҳои Белгия ва Шветсия дар доираи бозиҳои даври ҳаштуми марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо – 2024 дар варзишгоҳи шоҳ Бодуэнаи шаҳри Брюссел ба ҳам омаданд. Дастаҳо 45 дақиқа дар майдон бозӣ карданд.
Дар ин муддат аз ҳайати дастаҳо Виктор Дйокереш дар дақиқаи 15-ум ва Ромелу Лукаку дар дақиқаи 31-ум гол заданд. Пас аз анҷоми қисми аввал дар наздикии варзишгоҳ як террорист ду мухлиси тими миллии Шветсияро ҳадафи тир қарор дод. Бадъи ин амалкард ӯ ба скутер савор шуда, ғайб зад.
Мухлисони тимҳои миллии Шветсия ва Белгияро аз варзишгоҳ берун наоварданд. Бозингарон инчунин то омадани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар утоқҳои либоспӯшӣ монданд.
Ҳамин тавр, бозӣ ба таъхир гузошта шуд ва ҳоло санаи баргузории бозӣ мушаххас нест.