Бозии «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ»-ро кӣ доварӣ мекунад?

Бозии «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ»-ро кӣ доварӣ мекунад?

Конфедератсиони футболи Осиё ҳакамонеро, ки бозиҳои бошгоҳҳои футболи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Хуҷанд»-и Тоҷикистонро дар плей-оффи Ҷоми КФО-2020 доварӣ мекунанд, таъйин намуд. Бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО-2020 миёни “Нефтчӣ" барандаи Ҷоми Қирғизистон ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистонро ҳакамон аз Кореяи Ҷанубӣ бо сарварии довари ФИФА Чае Санг-Ҳёп баҳогузорӣ мекунанд.

Ҳакамони бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми КФО-2020 миёни «Хуҷанд» ва “Нефтчӣ” аз Урдун мебошанд. Довари ФИФА Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд” 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и Ҷалолобод ва бозии ҷавобӣ 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ миёни “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд” дастаи ғолиб ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии аввал

19-уми феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00 (бо вақти маҳаллӣ)

«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Сардовар: Чае Санг-Ҳёп (Кореяи Ҷанубӣ)

Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

26-уми феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00 (бо вақти Душанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ