Бозии рӯз: “Ал-Завраа” –“Истиқлол”, имшаб дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: “Ал-Завраа” –“Истиқлол”, имшаб дар ТВ “Варзиш”

Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 бозии чаҳоруми хешро дар майдони худ анҷом медиҳад.

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи “Ал-Завраа”-и шаҳри Бағдод бо тими “Ал-Завраа” бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 21:00 оғоз мешавад.

Гурӯҳи доварон аз АМА бозии дастаҳои “Ал-Завраа” ва “Истиқлол”-ро ҳакамӣ мекунанд. "Истиқлол" бо пироҳани сурх ва "Ал-Завраа" бо пироҳани сафед ба майдон мебароянд.

Маврид ба зикр аст, ки “Истиқлол” дар даври аввал дар сафар аз “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб шуда, дар бозии даври дуюм “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2 бар 0 ва дар даври сеюм “Ал-Завраа”-и Ироқро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб намуд.

Ҳоло пас аз бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 9 имтиёз садрнишин аст. “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Ал-Завраа” бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.

Ба бошгоҳи шаҳри Душанбе дар бозии имрӯза, муваффақият таманно дорем!