Бозии рӯз: “Алтин Асир” – КМВА, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: “Алтин Асир” – КМВА, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз дар минтақаи марказӣ рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 оғоз мешавад. Дастаи  КМВА (Душанбе) дар ин мусобиқоти минтақавӣ ширкат мекунанд.

Дар гурӯҳи «Е» рақибони барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Дастаи КМВА-и имрӯз бо дастаи “Алтин Асир” аввалин бозиашро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мекунад. Рақобати мазкурро МД Телевизиони “Варзиш” соати 22:00  ба таври мустақим намоиш медиҳад.  

 Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА мегирад.

Ҷоми КФО- 2022
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
Иштирокчиён: «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Алтин Асир» (Туркманистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Даври 1
24 июн
19:00 – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
22:00 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН)