Бозии рӯз: “Истиқлол” – “Персеполис”, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: “Истиқлол” – “Персеполис”, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз, 7 –уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Персеполис» (Эрон) баргузор мегардад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз гардида, ба таври мустақим тариқи шабакаи “Варзиш” манзури ҳаводорон гардонида мешавад.

Футболбозони «Истиқлол» бо пироҳани сурх ва меҳмонон бо пироҳани сафед ба майдон меоянд. Довари FIFA   Муҳаммад Ал-Алӣ аз Кувайт довари асосии бозӣ аст.

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё   аз тими «Персеполис» дар Теҳрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Дар ин бозӣ, ки 24-уми октябр дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон баргузор шуд, ҳарду голро ҳамлагар Саид Содиқӣ дар дақиқаҳои 44-ум ва 71-ум ба самар расонида буд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 9 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Истиқлол” бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум маскан гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки барои сари вақт ва бидуни мамониат ворид шудан ба варзишгоҳ аз тамоми мухлисон хоҳиш мекунем, ки пешакӣ, ду соат қабл аз оғози бозӣ – соати 17:00 ба варзишгоҳ ҳозир шаванд.

Биёед қаҳрамони  Тоҷикистонро якҷоя дастгирӣ кунем!