Бозии рӯз: “Олтин Асир” – “Равшан”, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: “Олтин Асир” – “Равшан”, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз, 5-уми октябр дар шаҳри Ашхобод бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ баргузор мешавад, ки дар доираи он ноибқаҳрамони Туркманистон «Олтин Асир» ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ашхобод» баргузор шуда, соати 21:00 оғоз мегардад. Бозиро аз шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» мустақиман тамошо карда метавонед.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал “Равшан” бо “Марв”-и Туркманистон 0 бар 0 мусовӣ дар шаҳри Ҳисор бозӣ карда буд.

Дар бозии имрӯза ба ноибқаҳрамони Тоҷикистон барору комёбӣ таманно дорем!