Бозии рӯз: Ҷопон – Тоҷикистон, имшаб дар ТВ “Варзиш”
Имрӯз, 15-уми май мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов бозии марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2026-ро дар Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
Ҳарифи дастаи мо мунтахаби пурқуввати Ҷопон хоҳад буд. Вохӯрии дастаҳо соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад ва тариқи МД ТВ “Варзиш” ба таври мустақим манзури бинандагон гардонида мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ бозии хуб нишон дода, бо натиҷаҳои назаррас ба даври плей-офф роҳ ёфт. Шогирдони Далер Каёсов дар даври аввал тими Тайландро бо ҳисоби 2 бар 0 ва дар даври дуюм бо ҳисоби 1 бар 0 тими Мянмарро шикаст доданд. Дар бозии даври охири гурӯҳ, тими наврасони Тоҷикистон бо тими мизбон Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 5 бар 5 мусовӣ намуданд.
Ҳамин тавр, тими наврасони Тоҷикистон аз гурӯҳи “А” бо касби 7 имтиёз аз зинаи дуюм ба даври плей-офф роҳ ёфт ва ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора дохил шуданд.
Ҳамчунин, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чаҳорум дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон роҳ ёфт. Қаблан даста дар чемпионатҳои ҷаҳон солҳои 2007, 2019 ва 2025 ширкат варзида буд.
Ҳарифи дастаи мо дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ мунтахаби Ҷопон буда, яке аз муддаиёни асосии унвони қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамеша дар мусобиқаҳои наврасони Осиё аз дастаҳои пурқувват маҳсуб мешавад.
Бозии имрӯза барои ҳар ду даста аҳамияти калон дорад, зеро ғолиб роҳхати нимфинали Ҷоми Осиё-2026-ро ба даст меорад.
Ҳаводорони футболи тоҷик умедворанд, ки мунтахаби наврасони кишвар бозии ҷасурона нишон дода, натиҷаи мусбат ба даст меорад.