Бозии рӯз: Полша – Аргентина, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: Полша – Аргентина,  имрӯз  дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз 30-юми  ноябр дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар дар даври сеюми гурӯҳи «С» мунтахабҳои Полша ва  Аргентина бозӣ мекунанд. Шабакаи “Варзиш”  соати 23:45 дақиқа ин рақобатро ба таври мустақим намоиш медиҳад.

Полша дар даври аввал бо Мексика мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дуюм бар Арабистони Саудӣ (2:0) пирӯз шуд. Аргентина бошад, дар даври аввал аз мунтахаби Арабистони Саудӣ (1:2) ноком шуда, дар даври дуюм муқобили Мексика (2:0) зафар ёфт.

Аргентина дар сурати пирӯзӣ имкони роҳ ёфтан ба даври плей-оффро пайдо мекунад.

Дар бозии дигари гурӯҳ Мексика ва Арабистони Саудӣ ба ҳам меоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло пас аз 2 даври мусобиқа Полша бо касби 4 имтиёз садрнишини гурӯҳи мазкур мебошад. Аргентина ва Арабистони Саудӣ бо 3 имтиёзи дар зинаҳои 2-юм ва 3-юм маскан гирифтаанд. Мексика бо 1 имтиёз дар зинаи 4-ум қарор дорад.