Бозии рӯз: “Севиля” – “Рома”, имшаб дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: “Севиля” – “Рома”, имшаб дар ТВ “Варзиш”

Дар бозии ҳалкунандаи Лигаи Аврупо дар мавсими 2022/2023 дастаҳои “Севиля”-и Испания ва “Рома”-и Италия вомехӯранд. Бозии финалии Лигаи Аврупо  дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри  Будапешти Маҷористон  баргузор мешавад. Бозӣ соати 23:40 ба вақти Душанбе  оғоз мешавад. Телевизиони “Варзиш” ба таври мустақим ин бозиро манзури ҳаводорон мегардонад. Шореҳони бозӣ Бобо Холмуродзода ва Фаридуни Шарифзод мебошанд.  

Ин вохӯриро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Энтони Тейлор аз шаҳри Манчестер ҳакамӣ мекунанд.

Бошгоҳи испанӣ аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Лигаи Аврупо пешсаф аст. Онҳо 6 маротиба  солҳои 2006, 2007, 2014, 2015, 2016, 2020 ғолиби ин мусобиқот шудаанд.  «Рома» соли 1991 ба бозии ҳалкунанда дар Ҷоми УЕФА баромад, вале аз «Интер» бо ҳисоби 1 бар 2  шикаст хӯрд. Дар мавсими гузашта, бошгоҳи  итолиёвӣ ғолиби Лигаи Конференсия шуда буд.