Бозии рӯз: Тоҷикистон –Малдив, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: Тоҷикистон –Малдив, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври сеюми интихоби Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тими Малдив бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.

Оғози рақобат соати 18:00 мебошад. ТВ “Варзиш” бозиро  мустақим  манзури бинандагон мегардонад. Шореҳи бозӣ Бобо Холмуродзода аст. Ин рақобати охирини хонагии сол барои тими миллии Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар ин бозӣ дастаи Тоҷикистон либоси сафеди анъанавии худро ба бар карда, Малдив бо пироҳани кабуд ба майдон мебарояд.

Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов, Ваҳдат Ҳанонов ва Рустам Ятимов бо далели ҷароҳат ва Парвиз Умарбоев бо далели гирифтани барзёди корти зард дар ин бозӣ иштирок карда наметавонанд.

Довари марказӣ довари ФИФА Зайниддин Алимов хоҳад буд. Ба ӯ дар хат ёварони довари ФИФА Нураалӣ Абдунабиев ва Абдуғанӣ Абдукаримов кумак мекунанд. Довари ФИФА Санҷар Жакипбеков ба ҳайси чаҳорумин ҳакам кор мекунад. Кори ҳайати доваронро Валентин Коваленко аз Ӯзбекистон назорат менамояд ва Валид Муҳаммад Мӯсо Тоҳир Ал-Блуши комиссари бозӣ таъйин гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ бозӣ карда буд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 8520 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар даври дуюм тими миллии Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин натиҷаи мусовии 2 бар 2-ро ба қайд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои Тоҷикистон, Тимори Шарқӣ, Малдив ва Филиппин шомил мебошанд. Ҳоло дар гурӯҳ Филиппин ва Тоҷикистон бо 4 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якум ва дуюм мебошанд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.

Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ барои дастгирии тими миллии кишвар даъват менамоем! Дастгирии шумо мисли бозигари 12-ум аст!