Бозии рӯз: Тоҷикистон – Сурия, имрӯз дар ТВ “Футбол”

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Сурия, имрӯз дар ТВ “Футбол”

Имрӯз, 11 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии ниманиҳоии 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup-2024» дар Тайланд бо тими миллии Сурия бозӣ мекунад.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгкхла баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (14:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Шабакаи "Футбол" ин бозиро ба таври мустақим манзури ҳаводорон мегардонад. 

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Филиппин бо ҳам вомехӯранд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар рақобат барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқа 14 октябр доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ду сол пеш тими милли Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup» ғолиб шуда буд.