Бозии рӯз: Тоҷикистон – Туркманистон, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Туркманистон, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Имрӯз дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал мунтахабҳои Тоҷикистон ва Туркманистон  ба ҳам меоянд. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло”  соати 12:50 дақиқа оғоз мешавад. Шореҳи бозӣ Бобо Холмуродзода мебошад.

Қобили зикр аст,  ки мунтахаби Ӯзбекистон дар бозии даври якум мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 8 бар 0 мағлуб карда буд. Тоҷикистон мунтахаби Баҳрайнро бо натиҷаи 4 бар 3 шикаст дода буд. Дар бозии даври дуюм Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 3 бар 4 мағлуб шуду мунтахабҳои Туркманистон ва Баҳрайн 4 бар 4 мусовӣ карданд. Ӯзбекистон аввалин шуда, дар ин гурӯҳ ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар сурати ғалаба муқобили Туркманистон бори дуюм дар таърих ба бозиҳои чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал роҳ меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар кишвари Кувайт гузаронида мешавад.  Дар ин мусобиқаи қоравӣ 16 кишвар  ширкат варзида истодаанд.    Дастаҳои иштирокчӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, дастаҳои беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ  роҳ меёбанд. Бозиҳои марҳилаи ¼ -ниҳоӣ рӯзи 4-уми октябр доир шуда, даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 8-уми октябр баргузор мешавад.