Бозии рӯз: Тоҷикистон ва Қирғизистон, имрӯз дар ТВ “Футбол”

Имрӯз, 22 июл дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов бозии сеюми худро анҷом медиҳад.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқот рақиби дастаи мо мунтахаби Қирғизистон хоҳад буд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад. Рақобатро шабакаи телевизионии «Футбол» мустақиман пахш месозад.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии футзали Тоҷикистон дар даври аввал аз Ӯзбекистон (2:3) ва дар даври дуюм аз Гватемала (1:3) ноком шуда буд.