Бозии рӯз: Ӯзбекистон – Тоҷикистон, имрӯз дар ТВ “Футбол”

Бозии рӯз: Ӯзбекистон – Тоҷикистон, имрӯз дар ТВ “Футбол”

Имрӯз, 19 июл дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов анҷом медиҳад.

Рақиби дастаи мо мунтахаби Ӯзбекистон мебошад. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд баргузор шуда, соати 19:30 оғоз мешавад. Дар Тошканд мунтахаби мо инчунин бо дастаҳои Гватемала (20 июл) ва Қирғизистон (22 июл) бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз ҷамъомади таълимӣ дар Гулистон баҳри иштирок дар мусобиқаи мазкур ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 15 нафар – 4 дарвозабон ва 11 бозигари майдонро бо худ ба Тошканд бурд.