Бозии рафиқонаи Тоҷикистон ва Малайзия баъди панҷ сол

Бозии рафиқонаи Тоҷикистон ва Малайзия баъди панҷ сол

Аз бозии аввали рафиқонаи дастаҳои яккачини Тоҷикистон ва Малайзия панҷ сол сипарӣ шуд. Инак дастаҳо, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ширкат доранд дар шаҳри Куала-Лумпур қабл аз бозиҳои даври 5-ум дидори дӯстона анҷом медиҳанд. Малайзия айни замон шомили гурӯҳи "G" буда, бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам, АМА ва Индонезия барои роҳ ёфтан ба даври дигар мубориза бурда истодааст. Ҳоло футболбозони Малайзия дар гурӯҳ бо 3-хол дар ҷойи 4-ум қарор доранд. 

Тими миллии мо дар гурӯҳи хеш, ки инҷо дастаҳои яккачини Ҷопон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар шомиланд, бо 6-имтиёз зинаи сеюмро касб мекунад. Ба андешаи сармураббии дастаи мо ин бозӣ як марҳилаи хуби омодасозии футболбозон барои бозиҳои расмӣ муқобили Мянмар (14 ноябр) ва Қирғизистон (19 ноябр) будааст. 

Дастаи миллии Тоҷикистон бо Малайзия 8-уми августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона анҷом дода буд. Он рақобат бо ҳисоби калони 4:1 ба фоидаи футболбозони мо анҷом ёфтааст. Ин ягона дидори Тоҷикистону Малайзия буд. Ҳоло аз ҳайати ҳамонвақта 5 нафар ҳамроҳ бо тими миллӣ ба Куала-Лумпур рафтанд. Инҳо Нуриддин Давронов аз дастаи "Уммон" (Уммон), Фатҳулло Фатҳуллоев аз дастаи "Бухоро" (Ӯзбекистон), Давронҷон Эргашев (Хуҷанд), Аҳтам Назаров (Истиқлол) ва Ҷаҳонгир Эргашев аз бошгоҳи "Сайф" (Бангалдеш) маҳсуб меёбанд.

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН – Малайзия – 4:1

Голҳо: Давронҷон Эргашев, 15 (1:0). Дилшод Восиев, 35 (2:0). Мохд Амрӣ Яҳё, 45 – аз пеналти (2:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 51 (3:1). Нуриддин Давронов, 53 (4:1).