Бозии “Реал” ва “Барселона”-ро кӣ доварӣ мекунад?

Бозии “Реал” ва “Барселона”-ро кӣ доварӣ мекунад?

Антонио Мигел Матеу Лаос яке аз доварони маъруфи Испания сардовари бозии муҳимтарин ва маъруфи ҷаҳон бо номи “Эл-Класико” тайъин шудааст. Рақобати “Реал” ва “Барселона” дар доираи даври 30-юми чепионати Испания рӯзи 10-уми апрел сурат мегирад. Ин довар инчунин дар мавсими гузашта низ рақобати “Реал” ва “Барселона” дар Мадрид ҳакамӣ карда буд. Бояд гуфт, ки бозии дастаҳо санаи 10-уми апрел соати 23:55 бо вақти Душанбе доир мешавад.