Бозии сергол дар “Истаравшан-Арена” ба фоидаи “Регар-ТадАЗ” хотима ёфт

Дар бозии охири даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои “Истаравшан” ва “Регар-ТадАЗ” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи “Истаравшан –Арена”-и шаҳри Истаравшан баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи “Регар-ТадАЗ” хотима ёфт.
Дар нимаи якуми рақобат ҳисоб кушода нашуд. Пас аз ба майдон баромадани Квадво Фримпонг дар қисми дуюм бозии дастаи “Регар-ТадАЗ” куллан дигар шуд. Бозигари ганагӣ дар дақиқаи 52-юм ба Шарафҷон Солеҳов паси голӣ дод ва худ дар дақиқаҳои 57-ум ва 63-юм ба задани ду гол даст ёфт.
Аз ҳайати “Истаравшан” дар дақиқаи 70-ум Илҳомҷон Баротов ва дақиқаи 73 –юм Сардорбек Саидов аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро 2 бар 3 карданд.
Нозим Бобоҷонов, ки бо хатои ӯ сӯи дарвозаи “Регар-ТадАЗ” пеналтӣ таъйин шуда буд, бо голаш дар дақиқаи 78-ум иштибоҳи худро ҷуброн кард. Голи ӯ нуқтаи ниҳоӣ дар ин бозии сергол буд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ” бо 7 имтиёз дар зинаи 7-ум аст. “Истаравшан” бо 2 имтиёз дар зинаи 10-ум мавқеъ гирифтааст. “Истиқлол” бо 13 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.
Дар даври оянда, рӯзи 18-уми апрел “Регар-ТадАЗ” дар “Талко-Арена” бо “Эсхата” ва рӯзи 19-уми апрел “Истаравшан” ба масофи “Ҳосилот” меравад.