Бозии Тоҷикистон ва Қирғизистон бидуни гол анҷом ёфт

Дар доираи бозиҳои даври дуюми мусобиқаи охирини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ мунтахабҳои духтаронаи то 14 солаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳам омаданд. Вохӯрии мунтахабҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 анҷом ёфт.
Дар бозии дигари даври дуюм мунтахабҳои духтаронаи то 14 солаи Ӯзбекистон ва Эрон ба ҳам омаданд. Вохӯрии бо ҳисоби 0 бар 1 ба суди эрониҳо анҷом ёфт. Ягона голро дар ин бозӣ дар дақиқаи 47-ум Дина Қурбонӣ ба самар расонид ва ба мунтахаби Эрон дар бозии марказӣ 3 имтиёз овард.
Бо ин ғалаба Эрон бо касби 4 имтиёз ба садри ҷадвали мусобиқа баромад. Ӯзбекистон бо 3 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Қирғизистон бо 2 имтиёз дар зинаи сеюм ва Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар зинаи охир аст.
Дар даври аввал Ӯзбекистон бо ҳисоби 9-0 бар Тоҷикистон ғалаба карда буду, Эрон бо Қирғизистон мусовӣ 1-1 бозӣ карда буданд.
Дар даври охири мусобиқа рӯзи 19-уми октябр Эрон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо Қирғизистон андари майдони рақобат мешаванд. Меҳрангез Ҳамидова аз ҳайати Ӯзбекистон бо 4 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа пас аз даври дуюм маҳсуб мешавад.