Бозии якуми «Ливерпул» ва «Арсенал» ғолибро муайян накард

Бозии якуми «Ливерпул» ва «Арсенал» ғолибро муайян накард

Бозии якуми даври ½-ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия байни дастаҳои «Ливерпул» ва «Арсенал»-и Лондон баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Энфилд»-и Ливерпул бозӣ карданд. Ҳисоб 0:0 мусовӣ ҷамъбаст шуд.

Дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгари меҳмонон Гранит Ҷака барои қоидавайронкунии ҷиддӣ аз майдон хориҷ карда шуд. “Ливерпул” то охир бартарии зиёд дошт, аммо натавонист пирӯз шавад.

 

Рӯзи 20-уми январ дастаҳо бозии ҷавобии худро доир мекунанд. Рақобат дар варзишгоҳи хонагии “Арсенал”-и Лондон баргузор мешавад. Ғолиби ин ҷуфтро дар финал “Челси” интизор аст.