Брайан Пинтадо тиллои чаҳорумро дар таърихи Эквадор дар Бозиҳои олимпӣ соҳиб шуд
Имрӯз дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 мусобиқоти варзиши сабук оғоз ёфт. Дар пиёдагардии варзишӣ ба масофаи 20 км миёни мардон ғолибон муайн шуданд. 49 варзишгар миёни мардон дар пиёдагардии варзишӣ миёни ҳам сабқат карданд. Қобили зикр аст, ки оғози мусобиқот аз сабаби шароити обу ҳаво 40 дақиқа ба таъхир афтод.
Брайан Пинтадо аз Эквадор масофаи 20 км-ро 1 соату 18 дақиқаю 55 сония тай карда, барандаи нишони тилло шуд. Кайо Бонфими бразилӣ дуюм шуд ва қаҳрамони феълии ҷаҳон дар ин масофа Алваро Мартини испанӣ медали биринҷӣ гирифт.
Ин чаҳорумин медали тиллои олимпӣ дар таърихи Эквадор аст. Қаблан, Ҷефферсон Перес ( Атланта 1996), Ричард Карапаз (Токио-2020) ва Нейси Дахомес (Токио-2020) барандаи медали Бозиҳои олимпӣ шуда буданд.
Бозиҳои олимпии Париж -2024
Варзиши сабук, пиёдагардии варзишӣ ба масофаи 20 км миёни мардон
1. Брайан Пинтадо (Эквадор) 1:18:55
2. Кайо Бонфим (Бразилия) 1:19:09
3. Алваро Мартин (Испания) 1:19:11