Бразилия қаҳрамони Ҷоми футзали Амрико-2026
Ҷоми футзали Амрико-2026 ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоии мусобиқа тими миллии Бразилия бо ҳисоби 2:1 бар мунтахаби Аргентина пирӯз гардид ва унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Бо ин пирӯзӣ тими Бразилия 12-умин бор қаҳрамони мусобиқаи мазкур шуд. Қаблан, Бразилия солҳои 1992, 1995, 1996, 1997, 1998, 1999, 2000, 2008, 2011, 2017, 2024 унвони қаҳрамониро соҳиб шуда буд.
Дастаи Аргентина мақоми дуюмро ишғол кард, дар ҳоле ки дастаи Перу соҳиби ҷойи сеюм гардид. Венесуэла мақоми чаҳорумро дар мусобиқа ишғол намуд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқа аз 24-уми январ то 1-уми феврал дар Парагвай баргузор шуда, дар он дастаҳои миллӣ иштирок намуданд. Рақобатҳои мусобиқа мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда баргузор гардида, дар ниҳоят ғолибон муайян карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқа тими миллии Бразилия ба ҳисоб меравад. Соли 2024 дар бозии финалӣ Бразилия бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили Аргентина зафар ёфта буд.
Ҳамчунин, соли 2024 дар финали Ҷоми ҷаҳонии футзал дар кишвари Ӯзбекистон тими миллии Бразилия бо ҳисоби 2 бар 1 Аргентинаро шикаст дода, бори шашум қаҳрамони ҷаҳон шудааст.