Бразилия дарвозаи Доминикаро голборон кард

Бразилия  дарвозаи Доминикаро  голборон  кард

Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии  Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни мунтахабҳои то 20 сола дар Аргентина мунтахабҳои Бразилия  ва Ҷумҳурии Доминика  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Малвинас Архентинас”-и шаҳри Мендоса дар ҳузури 7 253 нафар мухсил   доир шуда, бо ҳисоби бузурги 6  бар 0 ба суди бразилиҳо   хотима ёфт.

Голҳоро дар  ин бозӣ Савио, Маркос Леонардо, Ҷеан Педросо,  Ҷовани, Марлон Гомес ва Матеус Мартинс   аз ҳайати Бразилия   ба самар расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ (D)  мунтахаби Италия ба таври ҳангомавӣ аз Нигерия бо ҳисоби 0 бар 2 мағлуб шуд.  Дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ  Италия бо ҳисоби 3 бар 2 муқобили Бразилия пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Мунтахаби ҷавонони Нигерия   ғалабаи дуюмашро  дар гурӯҳи “D” ба даст оварда, ҳоло бо касби 6 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот маскан гирифт. Бразилия бо ин пирӯзӣ  бо 3  имтиёз дар зинаи дуюм аст. Италия ҳам соҳиби 3 имтиёз аст ва  дар зинаи 3-юм ҷойгир аст.  Ҷумҳурии Доминика    бидуни имтиёз дар зинаи охир маскан гирифтааст.

Ҳамакнун, дар даври сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол дар гурӯҳи “D” Бразилия бо Нигерия  ва Италия  бо  Ҷумҳурии Доминика   рӯзи 27-уми май бозӣ мекунанд.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “D” |Даври 2

Бразилия 6:0 Ҷумҳурии Доминика  

Италия  0:2 Нигерия