Британияи Кабир ва Ирландия баҳри гузаронидани Евро-2028 3 млрд евро ба даст меоранд

Британияи Кабир ва Ирландия баҳри гузаронидани Евро-2028   3 млрд евро ба даст меоранд

Британияи Кабир ва Ирландия аз ҷониби УЕФА дар баргузории чемпионати Аврупо — 2028 ваколатдор шудаанд ва бо вуҷуди ин кишварҳо 3 млрд еврои иловагӣ ба шарофати мизбонии мусобиқа ба даст меоранд, иттилоъ медиҳад The Times.

Ин ҳам бузургтарин рӯйдоди варзишӣ хоҳад шуд, ки бори нахуст дар ҷазираҳои Британӣ аз даврони Бозиҳои тобистонаи Олимпии Лондон- 2012 доир мегардад.

Мусобиқа бо иштироки 24 тими мунтахаб бузуртарин чорабинии байналмилалии футболӣ дар Британияи Кабир аз Евро-1996 хоҳад буд, сабқате, ки диққати 280 ҳазор мухлисонро ҷониби хеш ҷалб намуд. Дар чемпионати Аврупо — 2028 қариб 3 млн чиптаҳои бозӣ фурӯхта шуда, ғунҷоиши миёнаи варзишгоҳҳо 58 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи ариза барои гузаронидани мусобиқа, ки ба УЕФА ирсол шудааст, Англия 28 бозӣ, Уэлс, Шотландия ва Ирландия — шаш бозигӣ ва Ирландияи Шимолӣ панҷ бозӣ доир мекунад.