Буффон: "Роналду сабаби ягона ба "Юве" омадани ман аст"

Буффон: "Роналду сабаби ягона ба "Юве" омадани ман аст"

Дарвозабони бошгоҳи "Ювентус" Ҷанлуиҷи Буффон пас аз мусовӣ бо дастаи "Милан" (1:1) дар бозии 1/2-ниҳоии Ҷоми Италия голи Роналдуро дар вақтҳои иловагӣ ёдовар шуд.

"Роналду беҳамтост. Ман ҷиддӣ мегӯям, ки сабаби дубора баргаштанам ба ҳайати бошгоҳи "Ювентус" танҳо бо Роналду якҷоя бозӣ кардан ва тамрин намудан аст. Дар ин нақша ҳар рӯз барои ман чизи нав аст, гуфт" - Буффон.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳои мазкур санаи 4- уми март дар шаҳри Турин баргузор мегардад.