Бузургтарин бохти Леброн Ҷеймс дар Ассосиатсияи Миллии Баскетбол

Бузургтарин бохти Леброн Ҷеймс дар Ассосиатсияи Миллии Баскетбол

Қаҳрамони чоркаратаи Ассосиатсияи Миллии Баскетбол (АМБ), пешвои «Лос-Анҷелес Лейкерс» Леброн Ҷеймс дучори бузургтарин бохт дар масири баромади хеш дар АМБ гардид.

Ин ҳам баъди бозии чемпионати даврӣ муқобили тими «Филаделфия Сиксерс» рух дод, ки дар он «Лейкерс» бо ҳисоби 94:138 шикаст хӯрд. Бохт бо таносуби холии «-44» барои ҳамлавар бузургтарин дар маснади варзишӣ гардид. Пештар ӯ бо таносуби холии «-42» шикаст хӯрда буд.

Қобили қайд аст, ки Леброн дар бозӣ муқобили «Филаделфия» муаллифи 18 хол ва ҳашт партофти натиҷабахш гардид. Дар даври баъдии чемпионати даврӣ «Лос-Анҷелес» дар сафар муқобили «Детройт Пистонс» рӯзи 30-юми ноябр вохӯрӣ доир мекунад.