CAFA: Мусовии Тоҷикистон бо Афғонистон. Ӯзбекистон дарвозаи Туркманистонро торумор кард

Рӯзи 22 май бозиҳои даври дуюми чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода доир шуд.
Мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко Арена”-и шаҳри Турсунзода бо мунтахаби то 20 солаи Афғонистон мусовӣ 1 бар 1 бозӣ кард. Ҳар ду даста дар ин бозӣ соҳиби 1 имтиёзӣ гардиданд. Мунтахаби то 20 солаи Афғонистон, ки дар бозии аввал муқобили Туркманистон (2:1) зафар ёфта буд, шумораи имтиёзҳояшро ба 4 адад расонид.
Дар бозии дигар мунтахаби то 17 солаи Ӯзбекистон бо ҳисоби бузурги 9 бар 2 муқобили Туркманистон зафар ёфт. Дар бозии аввал Ӯзбекистон бо ҳисоби 3 бар 2 муқобили Эрон пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Ҳоло пас аз бозиҳои даври дуюм мунтахаби то 17 солаи Ӯзбекистон бо касби 6 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот ҳастанд. Афғонистон бо 4 имиёз дар зинаи дуюм ва Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Бозиҳои даври сеюми чемпионати CAFA-2023 рӯзи 24 май баргузор мешаванд. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Туркманистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад. Дар баробари ин, дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе бозии дастаҳои Эрон ва Афғонистон сурат мегирад.