CAFA: Тоҷикистону Ӯзбекистон ба масофи ҳам меоянд
Имрӯз, 26 май дар доираи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола бозиҳои даври чаҳорум доир мешаванд.
Вохӯрии дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода сурат мегирад. Дар дидори дигар тимҳои Эрон ва Туркманистон дар варзишгоҳи КМВА-и пойтахт ба ҳам меоянд. Бозиҳо соати 17:00 оғоз мешаванд.
Чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон (U-20)
Даври 4
26 май (ҷумъа)
17:00 | Ӯзбекистон – Тоҷикистон
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
17:00 | Эрон – Туркманистон
Душанбе, Варзишгоҳи КМВА-и ВМ ҶТ