Чаро Ҳабиб бо Конор реванш намекунад?

Чаро Ҳабиб бо Конор реванш намекунад?

Ҳабиб гуфтааст, ки ҳатто 100 миллион доллар пардохт кунанд ҳам, намехоҳад "бори дигар Конорро занад". Аммо падари варзишкор гуфта буд, ки писараш бар ивази 100 миллион ба реванш мебарояд. Размовари доғистонӣ Ҳабиб Нурмагомедов эҳтимоли реванш бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегорро бар ивази 100 миллион доллар тавзеҳ додааст, хабар медиҳад Sport24.

"Реванш бо Конор барои ман шавқовар нест. Агар 100 миллион доллар пешниҳод кунанд чӣ? Намудҳои гуногуни варзиш ҳастанд, ки ин миқдор пулро метавон маблағгузорӣ кард. Чи лозим ба ман 100 миллионе, ки бар ивазаш ман он аблаҳро занам?", - гуфтааст вай.


Пештар Абдулманап, падари Ҳабиб, шарти рақобати такрории писараш бо Конор Макгрегор, размикори ирландиро пардохти 100 миллион доллар гуфт.

"Ба мо ҳам реванш зарур, танҳо 100 миллион долларро бояд пардохт кунанд. Ин пулро диҳеду рӯзи дигар баъди сабқат бо Фергюсон реванш баргузор мешавад, чаро не. Шояд Дэйна Уайт мехоҳад бо чунин маблағ зӯрозмоӣ ташкил кунад”, - изҳор доштаст падари Ҳабиб калонӣ.